Сарбозон-сипари боэътимоди Ватан
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи муштараки ҳамкорӣ гурӯҳи корӣ дар ҳайати собиқадорони соҳа, намояндагони илму маориф, зиёиён ва коршиносон дар қисмҳои ҳарбии 41008, 41008 «а», 02615г, 07033, 01215, 12019-и — қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозон вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯриҳо гурӯҳи корӣ нахуст сарбозонро ба Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, сипас собиқадорони соҳа перомуни таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар пойдории сулҳу суботи кишвар изҳори андеша намуданд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстии ҷавонон, содиқона хизмат намудан ба Ватан, дӯстиву рафоқат, муттаҳидӣ, худшиносии миллӣ, баланд бардоштани малакаву маҳорати ҷангӣ, аз худ намудани донишҳои муосир, омодагии доимии ҳарбӣ ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар мулоқот ба сарбозону афсарон туҳфаҳои хотиравии кумита супорида шуданд.
Дар ин бора сухангӯи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Наврӯз Қурбонов иттилоъ дод.








ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






