Шарҳи Паём ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар Кӯлоб
Душанбе, 17.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо иштироки намояндагони соҳаи маориф ва омӯзгорони минтақаи Кӯлоб вобаста ба омӯзишу тарғиби Паём ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Навруз Ҷаъфаров ва директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ Абдураҳмон Маҳмадов ба ҳозирин вобаста ба Паёми имсола ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар суҳбат намуда, муҳтавои Паём ва тағйиру иловаҳоро шарҳ доданд.
Хотиррасон мекунем, ки чунин вохӯриҳо дар тамоми манотиқи кишвар гузаронида шуда, дар назар аст давоми ҳафта идома ёбанд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






