Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои адлия
Душанбе, 26.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-«Конститутсия манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро шарти асосӣ ва бақои давлату миллат арзёбӣ менамояд», -иброз намуд раиси Шӯрои адлия Муродзода Дӯстмурод зимни муҳокима ва шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар ин ниҳод баргузор гардид.
Раиси Шӯрои адлия ба иштирокдорон-судяҳои суди ҳарбии гарнизони Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар, суди иқтисодӣ ва кормандон шарҳ дод, ки ин санади меъёрии ҳуқуқӣ барои мустақилияти сиёсию иқтисодӣ, пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна, боло рафтани эътибори давлату миллат дар муносибатҳои байналмилалӣ ва таъмини суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
«Масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаби замон буда, барои тақвияти равандҳои демократикунонии дигаргунсозиҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар сокини мамлакат мусоидат хоҳад намуд. Пешниҳоди мазкур дар оянда имконият медиҳад, ки қишри бонуфузи ҷомеа минбаъд низ дар тавсеаи худ огоҳиву худшиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва сулҳу субот ҳамчун бақои миллат нақши асосиро иҷро намояд ва ҳомии воқеии арзишҳои неки ин марзу бум бошад»,- илова намуд раиси Шӯрои адлия.
Дар маҷлис ҳамчунин судяҳо ва кормандон дар мавзӯи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳи он сухан гуфтанд. Муродзода Дӯстмурод таъкид намуд, ки дар арафаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ моро зарур меояд, ки мақсад ва моҳияти тағйиру иловаҳои ба қонуни асосии давлат воридшавандаро дар байни кормандони ҳокимияти судӣ ва наздикону пайвандони худ фаҳмонем ва дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намоем.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






