«Шарқшиносони низомипӯш», «Дар миёни обу оташ», «Умре норизо», хизматрасониҳо дар тарабхонаи «Фараҳноз», «Тасаввуф – биҳишти гумшудаи тоҷикон» — ин ва дигар мақолаҳои нашрияҳо

Февраль 25, 2016 12:02

Душанбе, 25.02.2016 (АМИТ «Ховар»). – «Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату ватани худро дар ихтиёр доранд. Имрӯз мо метавонем бо эҳсоси ифтихор таъкид намоем, ки асосҳои ҷомеаи демократиро ба вуҷуд оварда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому мартабаи арзанда пайдо намудаем». Бо ҳамин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи навбатии нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 20-уми феврали соли равон пешкаши хонандагон шудааст. Доктори илми таърих Иброҳим Усмонов таҳти сарлавҳаи «Дар миёни обу оташ» оид ба сиёсатҳои ҷаҳонӣ, ки бо сӯйистифода аз ақидаҳои диниву мухолифатҳои мазҳабӣ роҳандозӣ шудаанд, дар мисолу қиёси ҳодисаҳои охири кишварҳои арабӣ ва фаъолияти созмонҳову гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ андешаҳои худро нашр кардааст. Муаллиф навиштааст: «Дар ҳамаи коре, ки ба амал меояд, як чиз ниҳоят хатарнок аст. Аврупоиҳо байни давлатҳои исломӣ ва кишварҳои тамаддуни исломӣ сарҳад гузошта наметавонанд». Дар ҳамин шумораи «Ҷумҳурият» саҳифаи ҷолиби иттилоотӣ-фароғатии «Шоми шанбе» ба хонандагон пешниҳод шудааст. «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи сешанбе аз 23-юми феврали соли равон бахшида ба солгарди таъсиси Артиши миллӣ- Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханону баҳогузории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро нисбат оид ба Артиши миллӣ ва сарбозону афсарони шуҷои Ватан нашр карда, идомаи мақолаи Иброҳим Усмонов «Дар миёни обу оташ» ва мақолаи олим Рӯзии Аҳмадро бо номи «Истиқлолияти давлатӣ ва фолклоршиносии миллӣ» нашр кардааст. Дар шумораи рӯзи панҷшанбеи нашрияи «Ҷумҳурият» аз 25-уми феврал дар бораи ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон  ва иштирок дар маъракаи ҳашари умумӣ барои бунёди Боғи ба номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар майдони 160 гектар гузориши муфассал нашр шудааст.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» — дар шумораи рақами 25 (25 феврали соли 2016), Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда, аз оғози бунёди Боғи ба номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат дар мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон гузориши муфассал пешкаши хонандагон кардааст. Шумораи мазкур дар бораи ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, ки таҳти раёсати муовини раиси кумита Лоиқзода Қаноатшо баргузор шудааст, бо сарлавҳаи «Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди тағйири номҳои маҳал» хабари муфассал нашр кардааст.

 Ҳафтаномаи ӯзбекзабони «Халқ овози» бо хабари «Пешвои миллат ба афсарони Вазорати мудофиа хона тақдим кард» оғоз ёфта, дар бораи тақдими  калиди хонаҳо ба афсарони хуштолеъ ва оилаи  онҳо аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Иди Артиши миллӣ нақл мекунад. Дар саҳифаҳои дигари нашрия мавзӯи Артиши миллӣ идома ёфта, Паёми телевизионии Пешвои миллат ба ифтихори 23- юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ чоп шудааст. Мақолаҳои «Шукронаи ватани ободу озод» (муаллиф Абдулло Саидов), «Дастони муъҷизаофари табиб» (муаллиф Ҳабибулло Дӯстов) ва ҳикояи «Қазо»-и нависандаи  маҳбуб Саттор Турсун, ки бо муносибати 70-солагии адиб чоп шудааст, аз тарафи хонандагон хуб пазируфта хоҳанд шуд.

Нашрияи «Омӯзгор» бо мақолаҳои «Хиттаи сабзи Наврӯз», «Монеаҳои татбиқи барнома», «Норасоиҳо зиёданд», «Бозиҳои дидактикӣ дар дарси забони англисӣ», «Олмониҳо мафтуни тоҷиконанд» ва дигар хабару мақолаҳо пешкаши алоқамандони мактабу маориф ва таълиму тарбия шудаанд.

«Адабиёт ва санъат» — минбари эҷодкорони Тоҷикистон ба муносибати 75- солагии адабиётшинос, мунтақиди адабӣ Абдунабӣ Сатторзода бо сарлавҳаи «Сатторзода: Адабиёт барои миллати мо болотар аз адабиёт аст» суҳбати олимро чоп кардааст. Дар саҳифаи назми ҳафтанома шеърҳои наврӯзии Рустами Ваҳҳоб, дар саҳифаи наср ҳикояи Василий Шукшин «Умре норизо» ва дар саҳифаи тақриз навиштаи Султонмуроди Одина бо номи «Ҳар касе ояду созе бизанад…» нашр шудааст.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо саволи «Сабаби даст ба худкушӣ задани одамон чист?» назарпурсӣ гузаронида, мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳунарманд Абдулмуъмин Шарифӣ бо сарлавҳаи «Дастархони маънавӣ тиҳӣ мондааст» чоп кардааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» андешаҳои журналист Фирӯза Сатториро ҷавобан ба мақолаи А.Аҳмадзода бо номи «Модари марг 4 тифлро ба дарё андохт, оё ҷанозаи ӯ дуруст аст?» чоп кардааст. Муаллиф навиштаст: «… ягон кас аз хушӣ қасди ҷони худ намекунад. Зане, ки худу фарзандонашро ба дарё андохтааст, яқин касе дар ҳамин дунё зиндагии ӯро ба дӯзах табдил дода буд, ки ҷонбезор шуда, ба чунин амал даст задааст. Дар ин ҳолат ҷаноза накардани фавтида бераҳмӣ хоҳад буд… Чаро шумо пешниҳод намекунед, ки мардони зинокорро бе ҷаноза ва берун аз қабристон гӯронанд, чунки онҳо оромгоҳро бо вуҷуди нопокашон ҳаром мекунанд… агар чунин шавад, ҷасади нисфи мардон аз гӯристон берун мемонад. Ҳамин тавр не?».

Ҳафтаномаи СССР дар шумораи навбатӣ мушоҳидаҳои журналист Мину Аминзодаро аз фаъолияти ошхонаву тарабхонаҳои дар мавзеи ба ном «Колхози Россия» ҷойгирбуда нашр кардааст. Муаллиф навиштаст: «Соат кайҳо аз 12-и шаб гузашта буд, вале садои мусиқӣ ҳамоно баланду раққосаҳо бархе дар саҳнаву зумрае рӯи зонуи меҳмонон меҷумбиданд. Мегӯянд, ки тарабхонаи «Фараҳноз» то соати 4-и субҳ боз асту пас аз соати 2-и шаб тамоми раққосадухтарон ба танфурӯшӣ машғул мешаванд…».

Нашрияи созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» — ҳафтаномаи «Нигоҳ» мақолаҳои «Қартаи Бадахшон», «Тасаввуф – биҳишти гумшудаи тоҷикон», «Ким Чен Ин» ва хабарҳоро чоп намуда, ҳамчунин шеърҳои Шоираи Раҳимҷонро пешкаши хонандагон кардааст.

Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» дар баробари нашри хабару гузоришҳо аз ҳаёти сиёсии ҲХДТ инчунин дар мавзӯъҳои муҳими рӯз мақолаҳо нашр кардааст. Мақолаи «Аз куҷо омадему то куҷо расидем?», «Волидон ва мағзшӯён. Кӣ зӯр?», «Шарқшиносони низомипӯш» ва мулоҳизаҳои Нозим Нурзодаро таҳти сарлавҳаи «Муҳаққиқ муҳаққиқ нест, ӯро набояд ҷиддӣ гирифт» пешниҳоди хонандагон кардааст.

Февраль 25, 2016 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда шуд
Дар Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 16 намуди таҷҳизоти техникӣ супорида шуд
Дар Душанбе омӯзиши эҳтиёҷоти бозори меҳнат ва омодакунии мутахассисони дорои таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Роҳ ба сӯи ояндаи сабз амнияти экологиро таъмин менамояд
Имрӯз дар Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон оғоз шуд
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон: «76 ҳазор соҳибкор аз нафақаи суғуртавӣ маҳрум мегардад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад
Дар Душанбе ба хотири ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа вохӯрӣ доир гардид