Ширкати амрикоии «Mars» аз 55 кишвари ҷаҳон шоколадҳояшро бозпас мегирад
Душанбе, 24.02.2016. (АМИТ «Ховар»). Ширкати амрикоии «Mars» маҳсулоти қаннодиашро аз 55 кишвари дунё дар робита ба он, ки дар шоколадҳои он пораҳои пластика дарёб гардидаанд, бозпас мегирад.
Чанде пеш иттилоъ дода шуд, ки ширкат шоколадҳои «Мars», «Snickers», «Milky Way» ва конфетҳои «Celebrations»-ро дар Олмон бозпас мегирад.
Баъдан дар бораи бозпасгирии чунин маҳсулот аз як зумра кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Фаронса ва Британия маълумот паҳн гардид.
Бино ба маълумоти ВАО, шоколадҳои пастсифат дар Ҳолланд дар аввали соли равон истеҳсол шудаанд. Намояндаи расмии ширкати «Mars» дар ин кишвар ба Associated Press иттилоъ дод, ки бозпасгирии маҳсулот дар 55 кишвари дунё сурат мегирад
Тибқи маълумоти мудирияти назорати сифати маҳсулоти хўрокворӣ, ба феҳристи маҳсулоти бозпас гирифташаванда «Mini Mix»-и ҳархела низ шомил аст. Мақомоти мазкур ҳушдор медиҳанд, ки пораҳои пластикаи дар таркиби шоколадҳо ошкоршуда метавонанд ба нафасгир кардани истеъмолкунандагон оварда расонанд.
Дар Олмон маҳсулоти бозпас гирифташавандаи ҳархеларо маҳсулот бо муҳлати аз 19 июни соли 2015 то 8 январи соли 2017 ташкил додаанд.








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






