Сокинони Норак барои барафрохтани парчами гурӯҳи ДАИШ то 25 сол аз озодӣ маҳрум шуданд
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-13 нафаре, ки барои барафрохтани парчами гурӯҳи ДАИШ муттаҳам мешуданд, аз 10 то 25 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Дар ин бора суди вилояти Хатлон 17-уми феврал ҳукми худро нисбат ба 13 тан аз сокинони шаҳри Норак эълон кард.
Тавре ки Сайфиддин Муҳиддинов, муовини раиси Суди вилояти Хатлон иттилоъ дод, бар зидди ин 13 нафар бар асоси банди 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ва ду зербанди он — даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, даъват ба фаъолиятҳои тундгароёна ва моддаи 187 — таъсиси иттиҳодияҳои ҷиноӣ парванда боз шуда буд. Бар пояи ҳукми суд, нафарони судшаванда мутаносибан аз 10 то 25 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Аксари онҳо мардҳои оиладор буда, ҷавонтаринашон 21 сол ва бузургтаринашон 74 сол дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст






