Суғд: баргузории вохӯриҳо оид ба шарҳи Паёми Пешвои миллат ва зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсия
Хучанд, 18.02.2016. (АМИТ “Ховар”).-Дар асоси нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташреҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти тағйиру иловаҳои пешбинигашта ба Конститутсияи Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинон вохӯриҳо доир гардида истодаанд. Мулоқотҳо асосан бо фарогирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи маҳаллӣ, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз қабили омӯзгорон, табибон, фаъолони маҳал, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, собиқадорони меҳнат баргузор гардида истодаанд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулин аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятӣ иттилоъ доданд, мақсади вохӯриҳо- ин шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаҳмонидани нуктаҳои асосии он ба ҳисоб меравад. Ба гурӯҳи корӣ кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулин аз мақомоти ҳокимияти вилоятӣ ва сохтору мақомоти маҳаллӣ, олимону коршиносон шомиланд.
Зимни баргузории вохӯриҳо оид ба тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ аз ҷониби масъулин таъкид гардид, ки тағйиру иловаҳо асосан ба таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеа нигаронида шуда, тибқи пешниҳодот зиёда аз 40 тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, қарор аст, ки 22 майи соли равон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад.
То имрӯз чунин вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум,Чкалов,Исфара, Айнӣ, Ашт ва Ғончӣ доир гардида, баргузории он бо ҷалби сокинони дигар манотиқи вилоят идома дорад.








Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






