Суди конститутсионии ҶТ лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия мутобиқ донист

Февраль 4, 2016 12:46

Душанбе, 04.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Имрўз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаматарафа мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзёбӣ кардааст.
Конститутсия манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро шарти асосӣ ва бақои давлату миллат арзёбӣ менамояд. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ барои мустақилияти сиёсию иқтисодӣ, пешбурди сиёсати сулҳҷўёна, боло рафтани эътибори давлату миллат дар муносибатҳои байналмилалӣ ва таъмини суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ба марҳалаи имрўзаи рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа мувофиқ буда, онҳо ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳр-вандон, дар навбати аввал ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ равона гардидаанд. Онҳо ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки мақсад ва мазмуни фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро ташкил дода, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд, тақвият бахшида, дар маҷмўъ ба таҳкими амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.
Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар маҷмўъ, арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти ҳифзи ҳуқуқии шахс, фарогири идомаи ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию судӣ дар мамлакат мебошанд. Онҳо ба мукаммал намудани меъёрҳои Конститутсия равона гардида, ба амалия ва таҷрибаи ҷаҳонии ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва ба арзишҳо ва принсипҳои асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошанд.
Бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба ном ва матн, моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон воридшавандаро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ донист.

Февраль 4, 2016 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе густариши робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид
Файзалӣ Идизода бо Элза Пинёл густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Фаронсаро баррасӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон доир гардид
СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Шарикии стратегӣ дар доираи аҳдномаи дӯстӣ тақвият меёбад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи 23-юми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Файзалӣ Идизода бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ оғоз шуд
Ҳайати сарони кишварҳои аъзои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Дар Душанбе ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ баргузор мегардад
Валентина Матвиенко ба муҳлати нав Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ интихоб гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ оғоз гардид