Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ: Таъйини ҷарима барои риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Душанбе, 23.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба Митра Апурв Бхушан, шаҳрванди Ҷумҳурии Ҳиндустон, соли таваллудаш -1991, миллаташ ҳинду, ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе, кўчаи С.Айнӣ 20, ҳуҷраи 3 дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, муайян кард, ки номбурда дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 81, биноро ба иҷора гирифта, тарабхона кушода, дидаю дониста бар хилофи талаботи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, номи тарабхонаашро бо забони ғайридавлатӣ Salam-Namaste гузоштааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Митра Апурв Бхушан ба гуноҳаш иқрор шуда, нишон дод, ки тарабхонаи Salam-Namaste тахминан ду сол шудааст, ки бо ин ном фаъолият дорад ва ғизономааш низ бо забони англисиву русӣ аст.
Тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» матни мӯҳру тамғаҳои ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ ба забони давлатӣ навишта мешаванд. Аз маводи парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ бармеояд, ки ҳуқуқвайронкунанда Митра Апурв Бхушан талаботи қонуни мазкурро вайрон намудааст. Суд бо дастрасии моддаҳои 140-142 КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки Митра Апурв Бхушан бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 800 (ҳашсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шавад.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






