Тағйирот ба Конститутсия тақозои рушди равандҳои ҷомеа аст

Февраль 16, 2016 09:47

Душанбе, 16.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Такмили пайвастаи меъёрҳои Конститутсия рушди устувору босуботи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеаро таъмин менамояд». Ин матлаб зимни вохӯрии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо аҳли ҷамоати пойтахт, ки дар он моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид, зикр шуд.
М. Убайдуллоев зикр кард, ки ташаббус ва пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дар иртибот ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои рушди ҷомеа аст.
Таъкид шуд, ки тағйиру иловаҳо ба таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеа нигаронида шудаанд.
Дар вохӯрӣ тамоми ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд. Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ барои таблиғи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилоту идораҳо, субъектҳои хоҷагидор ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии фаъол дар шаҳр тадбирҳои мушаххас андешида, 22 майи соли равон дар раъйпурсии умумихалқӣ бо баён доштани мавқеи созандаи шаҳрвандӣ ҷонибдориашонро аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода созанд.
Чунин вохӯрии аъзои палатаи болоӣ ва вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат оид ба шарҳи моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 19 феврали соли равон бо фаъолони чор ноҳияи пойтахт дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносон гузаронида мешавад.

Февраль 16, 2016 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад