Таҷлили Рӯзи ҷанговарони интернатсионалист
Душанбе, 16.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ба истиқболи 27-умин солгарди хориҷ шудани неруҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон 15-уми феврал дар мамлакат Рӯзи ҷанговарони интернатсионалист таҷлил шуд.
Нахуст дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги Афғонистон Александр Мироненко маҳфили гиромидошти хотираи ҷанговарони интернатсионалист доир шуд.
Иштирокдорон ва ҷанговарони интернатсионалист аз лаҳзаҳои қаҳрамонию ҷонбозиҳои мардуми шӯравӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки дар ин ҷанг садҳо ҷавонони шӯравӣ, аз ҷумла ҳамватанони мо ҳалок ва ҳазорҳо нафари дигар ярадор гаштанд. Зимни чорабинӣ ҳадафи таҷлили ин сана мусоидат ба ташаккули ҳисси ватанпарварӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию умумибашарӣ, дӯст доштану ҳимоят намудани Ватан ва кору рафтори намунавӣ дар ниҳоди ҷавонон ва насли наврас арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин дар идомаи таҷлили Рӯзи ҷанговарони интернатсионалист дирӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Интернатсионализм — таҷассумгари дӯстию осоиштагӣ, омили асосии мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва тундгароии динӣ» мизи мудаввар доир шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






