Тартиби рӯзи сарбоз. Он чӣ гуна бояд бошад?

Февраль 11, 2016 08:23

Душанбе, 11.02.2016. (АМИТ «Ховар»). —  Тартиби рӯз аз омилҳои самаранок гузаронидани вақт барои хизматчиёни ҳарбӣ ба шумор рафта, сарбозону афсарон аз рӯи тартиби муайянгардида дар қисму воҳидҳои низомӣ рӯзи худро мегузаронанд. Дар тамоми қисмҳои низомии мамлакат тартиб бо бархезии умумӣ оғоз гардида, афсарону сарбозон ба навъҳои гуногуни варзиши пагоҳирӯзӣ машғул шуда, ба саломатӣ ва пурқувватии хеш аҳамияти бештар зоҳир менамоянд.

Ин кори басе зарурист, зеро бе варзишу тарбияи ҷисмонӣ наметавон ояндаи солим дошта бошем. Сарбозону афсарони воҳидҳои низомӣ аз рӯи ҷадвали омӯзиш ба машғулиятҳои методӣ-таьлимӣ машғул шуда, ба наваскарон  тарз ва усули нигоҳ доштани яроқро меомӯзонанд.

Тамоми синфхонаҳои таълимӣ дар қисмҳои низомӣ бо шароити хуби замонавӣ таъмин шудаанд, ки сарбозону сержантон метавонанд дар вактҳои таъйиншуда аз ин синфхонаҳои компютерӣ истифода бурда, дониши худро сайқал диҳанд, зеро донистани техникаҳои замонавӣ ба ҳар яки онҳо шарт ва зарур мебошад.

Дар вақтҳои муайянгардида сарбозон бо омӯзиши яроқу аслиҳа ва сайқал додани тактикаи ҷангии хеш машғул шуда, машқҳои амалӣ мегузаронанд. Ин машғулиятҳо ба сарбозон имкон медиҳанд, ки донишҳои зарурии худро мукаммал гардонида, дар ҳолати омодабоши ҳамешагии ҷангӣ қарор дошта бошанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар китобхонаҳои сарбозон намунаи бештари китобу маҷмӯаҳо фароҳам оварда шудааст. Он имкон медиҳад, ки ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ бо истифода аз он савияи донишҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва ахлоқиву ҳуқуқии хешро сайқал диҳанд. Дар баробари таълиму тадрис ва тамрини ҳамарӯза, инчунин ҳайати шахсии сарбозон дар вақтҳои холигии хеш ба соатҳои фароғатӣ фаро гирифта мешаванд, ки ин ҳам талаботи тартиби рӯз барои хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.

Умуман дар тамоми воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ сарбозону афсарон аз рӯйи тартиби рӯзи хизматчиёни ҳарбӣ фаъолияти хешро пеш бурда, бо интизоми баланди ҳарбӣ барои хизмати сарбаландона ба халқу Ватан омода мебошанд.

 

 

Февраль 11, 2016 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад