Тоҷикобод: Мулоқоти созанда оид ба ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат
Душанбе, 17.02.2016. (АМИТ “Ховар”). -Дирӯз дар ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод вохӯрии мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқ Содиқ Шоназаров, ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо Нусратулло Зокиров, прокурори ноҳия Насимзода Муҳаммадсаид, сардори ШВКД дар ноҳияи Тоҷикобод Субҳон Усмонзода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо фаъолону собиқадорон ва ҷавонони ҷамоат баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Содиқ Шоназаров ва Нусратулло Зокиров оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, ҳамаи нуктаҳои Паёмро ба таври сода ба мардум фаҳмониданд. Махсусан оид ба хатари терроризму экстремизм ҳарф зада, падарону модарон ва ҷавононро даъват намуданд, ки дар ҳифзи амнияти миллии кишварамон саҳмгузор бошанд ва нагузоранд фарзандони ин миллату ин диёр фирефтаи аҷнабиён гарданд. Дар мавриди сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия таъкид гардид, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи маориф сармашқи кори худ созанд ва ба сифати таълиму тарбия ва саводнокии хонандагон диққати махсус дода шавад.
Прокурори ноҳия Насимзода Муҳаммадсаид иброз намуд, ки дар замони Шӯравӣ ва аввалҳои замони истиқлолияти ҷумҳурӣ дар деҳаҳои дурдасти ҷамоати деҳоти Ширинчашма аз сабаби набудани шароит писарону духтарон то синфи 4 мехонданд. Хушбахтона, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ҷамоат шароит фароҳам оварда шуд ва ҷавонписарону духтарон то синфи 11 хонда, аз тариқи квотаи президентӣ имрӯзҳо дар донишгоҳҳои олии кишвар таҳсил менамоянд.
Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки барои таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми навбатӣ аз ҳисоби олимону коршиносони варзидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимию илмӣ, гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис шудаанд, ки муддати се рӯз намояндагони он дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот вохӯриҳои таблиғотӣ мегузаронанд.











Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






