У. Давлатзод: Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҷавобгӯи рушди кунунии кишвар мебошанд
Душанбе, 26.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — 25 феврали соли равон муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод бо кормандони маъмурият ва субъектҳои МОИ Суғд барои муаррифӣ намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир намуд. Чорабинии мазкур дар толори Коллеҷи техникӣ, воқеъ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Суғд баргузор гардид.
Тавре ки У.Давлатзод зикр намуд, тағйир ва иловаҳо ба Конститутсия ҷавобгӯи рушди кунунии давлат ва ҷамъият буда, бо мақсади таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, иштироки фаъоли шаҳрвандон, бахусус ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат равона шудаанд.
Зикр гардид, ки лоиҳа доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки аз ҷониби Парлумони кишвар пешниҳод гардидааст, ном ва матнҳои моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Муовини вазир зарурати ин тағйиру иловаҳоро фаҳмонид ва доир ба он, ки чӣ тавр тағйирот метавонанд дар таҳкими асосҳои сохти конститутсионӣ таъсир расонанд, сифати зиндагии мардумро беҳтар кунанд ва ба демократикунонии ҷомеа мусоидат намоянд, сухан гуфт.
Аз ҷумла, У.Давлатзод изҳор намуд, ки палатаи поёнии парлумон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро баррасӣ намуда, қарор кард, ки мафҳуми «Сарқонун» аз матни Конститутсия гирифта шавад.
Иловаҳо масъулияти падару модар ба фарзанд ва фарзандонро ба падару модар таъмин менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 10 феврал палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, баъд аз гирифтани хулосаи Суди конститутсионӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳоро тасдиқ намуд, ки тибқи он раъйпурсӣ оид ба қабул 22 майи соли 2016 баргузор мегардад.








Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд






