Қурғонтеппа: мулоқоти созанда оид ба Паёми Пешвои миллат бо аҳолӣ
Қурғонтеппа, 17.02.2016. (АМИТ «Ховар) -Дар вилояти Хатлон вохӯрии аҳолӣ бо гурӯҳҳҳои корӣ оид ба таблиғи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ давом дорад.
Гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мактабҳои олӣ дар шаҳри Қурғонтеппа ду рӯз аст, ки бо фаъолони шаҳр, соҳибкорон ва аҳолии шаҳр силсилавохӯриҳоро доир намуд.
Иштирокдорон дар ҳар як вохӯрӣ дар бораи аҳамияти Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва дастовардхо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат тайи 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ифротгароӣ дар байни ҷавонон сухан гуфтанд. Ҳамзамон ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияту зарурати он дар пешрафти ҷомеа ва беҳтар гардидани некуаҳволии мардум фаҳмонида шуд.
Дар навбати худ аҳолии шаҳр дастгирии худро аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.
Дар вохӯриҳо инчунин вакили Маҷлиси Олӣ аз шаҳри Қурғонтеппа Анвар Тағоймуродов сухан гуфт.
Дар нимаи дуюми имрӯз дар Кохи «Ватан»-и шаҳр вохӯрии гурӯҳи корӣ бо аҳолии маҳаллаҳои маркази шаҳр баргузор мегардад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






