Қурғонтеппа: Садамаҳои нақлиётиро пешгирӣ бояд кард
Душанбе, 03.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингард ва коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ ҷаласа доир гардида, дар кори он муовини раиси вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардори БДА-и вилояти Хатлон, сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди минтақаи Кӯлобу Қурғонтеппа, сардори Раёсати хадамоти давлатии назорати танзим дар соҳаи нақлиёт, сардори Раёсати маорифи вилоят ва намояндагони марбут ба соҳа иштирок доштанд.
Сироҷиддин Тӯрахонзода, сардори Бозрасии давлатии автомобилии вилоят хабар дод, ки дар соли сипаришуда, ҳолати қоидавайронкуниҳо дар самти идора намудани воситаҳои нақлиёт бо оинаҳои сиёҳшиша 129, дар ҳолати мастӣ 116 адад ба қайд гирифта шуда, 33 ҳолати истифодаи мошинҳои давлатӣ ба манфиати шахсӣ, 175 ҳолати вайрон намудани талаботи ҳаракати гурӯҳӣ сабти ном шудааст, ки дар натиҷа аз ҳисоби ҷаримаҳо 780 ҳазору 237 сомонӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид гардидааст.
Муовини раиси вилоят Абдуҷаббор Баҳодурзода масъулин ва муовини раиси шаҳри Қурғонтеппаро вазифадор намуд, ки дар чорроҳаи назди меҳмонхонаи «Рамз» барои пешгирии садама ва танзими ҳаракати нақлиёт чароғаки рақамиро насб намоянд, зеро ин шаҳр маркази вилояти Хатлон маҳсуб шуда, ҳолати роҳҳо ва танзими ҳаракати нақлиёт дар он бояд ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад. Инчунин ба насби аломатҳои роҳ ва пешгирӣ намудан аз ғайриқонунӣ сохтани нуқтаҳои хизматрасонию биноҳо дар шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






