Усули ҷадиди Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон
Душанбе, 09.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Акнун нафароне, ки ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон муроҷиат мекунанд, бояд варақаи махсусро пур кунанд. Варақаи махсус аз тарафи хадамот ба хотири бурдани тадқиқот тартиб дода шудааст.
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев мегӯяд, ки бо гузаронидани тадқиқоти мазкур тарзи корбарӣ ҷоннок мегардад.
«Ин тадқиқот дар бораи то кадом андоза омода будани шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, доштани касбу ҳунар, шинос будан бо қонуну қоидаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар давлати қабулкунанда, донистани ҳуқуқҳои хеш зимни муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот медиҳад»,-илова намуд М. Хоркашев.
Гузаронидани тадқиқоти номбурда дар ҷамъбасти соли 2015 бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарият ва кормандон, мудирони бахшу шуъбаҳо дар шаҳру навоҳии Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон пешниҳод гардида, акнун ин пешниҳод мавриди амал қарор дорад.
Дар ҳақиқат имрӯз дар Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатӣ аз масъалаҳои мубрам боқӣ мемонад, зеро аксарияти шаҳрвандон, хусусан аз вилояти Хатлон ба Федератсияи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ба корҳои гуногун ҷалб мегарданд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






