Вакилон ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ илова ворид менамоянд
Душанбе, 01.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова ворид менамоянд. Масълаи мазкур 1 феврал дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи сиёсати давлатӣ ва соҳаи саноат», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро матраҳ намуданд.
Инчунин дар ҷаласа Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Лоиҳаи беҳсозии тарзи идораи мубориза бар зидди малах, Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии /КВД/ «Хуҷандводоканал» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3», Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАТР оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3», Созишномаи дастгирии лоиҳа байни шаҳри Хуҷанд, БАТР ва КВД «Хуҷандводоканал» оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» ва Созишнома оид ба маблағгузории муштараки Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (КД КБҲ ТРАСЕКА) байни ҳукуматҳои тарафҳои Созишномаи асосии бисёрҷониба оид ба нақлиёти байналмилалӣ барои рушди долони Аврупо-Кавказ-Осиё муҳокима гардиданд. Дар фарҷом бархе аз масъалаҳои муҳокимагардида барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад






