Вакилон ба минтақаҳо мераванд
Душанбе, 16.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Шурӯъ аз имрӯз, 16 феврал вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар- Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе сафар намуда, бо интихобкунандагон ва қишрҳои мухталифи ҷомеа вохӯрӣ анҷом медиҳанд.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни вохӯриҳо вакилони палатаи поёнии Парлумони кишвар дар назди мардум доир ба пешниходи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, фаъолияти Маҷлиси намояндагон ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар сухан намоянд.
Вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон то 26 феврал идома меёбад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






