ВАО: Дар шимоли Афғонистон бар асари таркиш 4 низомӣ ба ҳалокат расид

Февраль 8, 2016 15:37

Душанбе, 08.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар музофоти Балхи Афғонистон бар асари таркиш 4 ходими ҳарбӣ ҳалок гашта, 18 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора агентии «Синхуа» хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, таркиш дар наздикии автобусе, ки бо низомиён ҳаракат дошт, рух додааст.
Ҳамаи ҷароҳатбардоштагон дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Февраль 8, 2016 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш