“Варда”-и Маҷористон “Истиқлол”-ро мағлуб кард
Душанбе, 4.02.2016 (АМИТ «Ховар»). Клуби футболи «Истиқлол” аввалин вохӯрии таҷрибавиашро дар Туркия бо дастаи “Варда”-и Маҷористон барпо карда, бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб шуд. Агар
Акмал Холматов дар дақиқаи 13-ум ҳисобро боз карда бошад, пас маҷориҳо дар нимаи дуввум ба худ омада, ба дарвозаи Никола Стошич се тӯб заданд. Муаллифи голҳо аз дастаи “Варда”инҳо шуданд: Габор Эрош (51), Кулжар(75) ва Делжег (87). “Истиқлол” дар ин вохӯрӣ бо чунин ҳайат ҳунарнамоӣ кард:
Қурбоналӣ Бобоев ( Никола Стошич,46), Дилшод Восиев(Маҳдии Чоҳҷӯӣ,77), Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатхуллоев(Ҷаҳонгир Алиев,70), Нуриддин Давронов (к), Парвизҷон Умарбоев, Акмал Холматов(Аҳтам Назаров, 70), Манучеҳр Ҷалилов, Олександр Каблаш(Фариддун Шарипов, 82).
“Истиқлол” бозии таҷрибавии ояндаашро бо тими “Тараз”- Қазоқистон рӯзи 6 феврал барпо мекунад.








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






