Варзоб: семинари омӯзишӣ барои муаррифии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Февраль 9, 2016 12:06

Душанбе, 09.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Варзоб дар Маҷмааи лижаронии сайёҳии «Сафед-дара»-и ноҳияи Варзоб семинари омӯзишӣ барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ҷалби сайёҳон ба минтақа, муаррифии имконияту шароитҳои маҷмааи мазкур барои мизоҷону сайёҳон бо иштироки коршиносони соҳа, субеъктҳои хоҷагидори он, намояндагони муасисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»- и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар семинар муовини раиси ноҳияи Варзоб Баҳриддин Низомзода гуфт, ки ноҳияи Варзоб аз минтақаҳои сайёҳӣ арзёбӣ гардида, дар он барои сайёҳон тамоми шароит муҳайё гардидааст.
Назарзода Ризо, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад аз баргузории семинарро рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳои туристӣ арзёбӣ кард. Номбурда изҳор дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои дарёфти роҳҳои нави рушди сайёҳӣ ва ҳалли мушкилоти соҳа мусоидат менамояд. Ҳар як сайёҳ дар сурати хизматрасонии хуб метавонад даҳҳо сайёҳи дигарро ба ин мавзеъ ҷалб кунад.

Февраль 9, 2016 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон