Вазири Бритониё Десмонд Свейн ба Тоҷикистон ташриф овард
Душанбе, 15.02.2015. (АМИТ «Ховар»). — Десмонд Свейн, вазири давлатии Бритониёи Кабир оид ба рушди байналмиллалӣ имрӯз ба Тоҷикистон ташриф овард ва ӯ бо як зумра намояндагони расмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ баҳри пешбурди ҳамкорӣ бо Бритониёи Кабир мулоқотҳо анҷом медиҳад.
Ташрифи вазир барои рушди робитаи дуҷониба миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бритониёи Кабир, хусусан оид ба дастгирӣ аз рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, идораи давлатӣ ва устуворӣ нигаронида хоҳад шуд.
Оид ба ташрифи хеш ба Душанбе Десмонд Свейн гуфт:
“Ман хеле шодам, ки ҳамчун вазири давлатии рушди байналмилалӣ бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардам. Ман интизори мулоқот бо намояндагони расмии Тоҷикистон, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба натиҷаҳои хуби корӣ, ки дар ҷараёни ҳамкорӣ бо Бритониё дар соҳаҳои муҳим, ба монанди рушди иқтисод ва идораи давлатӣ ба даст оварда шудааст, мебошад. Ҳамчунин ман умедворам, ки дар пешбурд ва густариши робитаи дуҷониба байни давлатҳо мо ба натиҷаҳои бештар мерасем.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






