Вохӯрии гурӯҳи «Пешоҳанг» бо хонандагони мактабҳои миёна
Душанбе, 16.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, муқаддас доштани арзишҳои миллӣ ва тарғиби донишомӯзӣ мунтазам бо хонандагони мактабҳои миёнаи гуногуни ҷумҳурӣ вохӯриҳои судманд мегузаронанд.
Чунин вохӯрӣ дар Муассисаи таҳсилоти умумии №82-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Гурӯҳи хонандагони мактаби мазкур бо ҷавонони фаъол аз ҷойҳои тамошобоби пойтахти кишвар: Боғи устод Рӯдакӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон дидан намуда, ҳамчунин бо шароити донишомӯзӣ дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ шинос шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ дар маҷлисгоҳи мактаби таҳсилотии №82 аъзои гурӯҳи «Пешоҳанг», мудири кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Барно Ашурова ва раиси бахши ҷавонони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Кишваршо Ниёзӣ дар назди хонандагон сухан гуфта, дар партави Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар таҳти унвони «Паёми Роҳбар бишнав» роҷеъ ба мавзӯъҳои ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва эҳтироми калонсолон суханҳои пурмӯҳтаво гуфтанд.








Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






