Вохӯрии кормандони ММТ бо хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёна барои ношунавоён
Душанбе, 25.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар чаҳорчӯбаи корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоён дар шаҳри Душанбе роҳбарият ва кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон бо хатмкунандагон, падару модарони хатмкунандагон ва омӯзгорони муассисаи мазкур вохӯрӣ баргузор намуданд. Зимни вохӯрӣ директори Марказ Хуршед Тешаев низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва муҳимтарин раванду марҳалаҳои он, аз омодагию бақайдгирӣ то эълони натиҷаҳои озмуни тақсимотро муаррифӣ намуд. Муаррифӣ барои хатмкунандагон бо мадади тарҷумони имову ишора пешниҳод карда шуд.
Дар баробари ин, хатмкунандагон, падару модарон ва омӯзгорон дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла, имтиёзҳо барои маъюбон, талабот барои интихоби ихтисосҳо ва тартиби имтиҳонсупорӣ барои довталабони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд саволҳо доданд, ки ба онҳо ҷавобҳои муафассал пешниҳод шуданд.
Намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоён дар шаҳри Душанбе Ҳусния Абдураззоқова барои омодагии хатмкунандагон дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», Маҷмӯаи саволу масъалаҳои тест ва ба хатмкунандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






