Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Ишонқулӣ Аманлиев

Февраль 11, 2016 14:26

Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 11 феврали соли 2016 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ишонқулӣ Аманлиев доир гардид.
Зимни мулоқот масоили омодагӣ ба сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.

Февраль 11, 2016 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш