«Заминбозӣ, заминсозӣ, заминдуздӣ», «Кодекси мадании Тоҷикистон», «Чор пиру чор тадбир», «Бӯсаи мома», «Маҳбаси пулакӣ» ва дигар мақолаҳое, ки дар матбуот чоп шуданд

Февраль 11, 2016 11:36

Душанбе,11.02.2016 (АМИТ «Ховар»). – Дар шумораи навбатии нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 9-уми феврали соли равон ҷараёни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон инъикос шуда, дар иттилоия омадааст: «Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла бунёди марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, манзилҳои истиқоматию маъмурӣ, сохтмони иншооти таъйиноти гуногуни ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморӣ ва рушди бахшҳои муҳим, инчунин ҳавасмандии соҳибкорони ватанӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод». Кодекси гражданӣ ба кодекси маданӣ табдили ном мекунад, — омадааст дар хабари нашрияи «Ҷумҳурият» таҳти рақами 28 аз 10-уми феврали соли равон. Директори Маркази миллии қонунгузорӣ М. Раҳимзода вобаста ба ин гуфтааст, ки кодекси гражданӣ бо номи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 1979 модда таҳия шуда, ба дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат пешниҳод гардид.  «Ҷумҳурият» дар шумораи имрӯза аз машварати кории Пешвои миллат бо роҳбарияти вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, КДАМ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, АНМН ва дигар мақомоти дахлдор хабар нашр карда, идомаи мақолаи муаллифон А. Шарифзода, З. Қосимӣ ва А. Самариддинро оид ба фаъолияти пурсамару созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат дар соли гузашта чоп кардааст. Дар шумораи мазкури нашрия матни Қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» чоп шудааст.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» шумораи рақами 17, аз 9 феврали соли 2016 оид ба баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва ҷаласаи  Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати А.Фелалиев хабару гузориш чоп кардааст. Дар шумораи мазкури нашрия аз нишастҳои матуботии вазорату кумитаҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат хабарҳо пешкаши хонандагон шудаанд.

Ҳафтаномаи русзабони «Народная газета» мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ, тадқиқотӣ ва пешниҳодӣ нашр карда, аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, инчунин хабару гузоришҳо аз ҳаёти кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ пешкаши хонандагон кардааст.

Ҳафтаномаи «Халқ овози» аз мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Котиби иҷроияи комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Шамшод Ахтар ва ҷараёни маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат хабару гузориши муфассал чоп кардааст. Мақолаи Т.Сайидзода бо номи «Набояд муҳраи бозӣ бошем» ё андешаҳо дар ҳошияи мақолаи доктори улуми сиёсатшиносӣ С. Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» дар мавзӯи муҳими рӯз навишта шуда, дар гӯшаи бадеии ҳафтанома намунаи эҷодиёти қаламкашони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд пешкаши мухлисон шудааст.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» мақолаҳои «Издивоҷи ноболиғон», «Бардошти маънии хом», «То ранҷ набинӣ», «Шуҳрат ҳам мешаваду сарват ҳам», «Вақте дар бозор низом нест» ва хабарҳо аз ҳаёти варзиширо пешкаши хонандагон кардааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон  «Адабиёт ва санъат» бахшида ба 70- солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун табрикоти Раёсати Иттифоқи нависандагонро нашр карда, мусоҳибаи ихтисосии Толиби Луқмонро бо адиби шинохта пешкаши дӯстдорони адаб намудааст. Ҳамчунин дар саҳифаҳои «Адабиёт ва санъат» бахшида ба 80- солагии шоири маҳбуби бачагон Алӣ Бобоҷон ва 80- солагии шоири шинохтаи тоҷик Салимшо Ҳалимшо шодбошиҳои пурмеҳру муҳаббат нашр шудаанд. Дар саҳифаи назми ҳафтанома шеърҳои Салими Хатлонӣ ва дар саҳифаи наср ҳикояи Шоҳини Поянда бо номи «Бӯсаи мома», дар саҳифаи пажӯҳиш мақолаи илмии профессор А.Сатторзода бо номи «Баргу сози мо китобу ҳикмат аст» пешкаши хонандагон шудааст.

Ҳафтаномаи «Омӯзгор», мақолаи таҳлилӣ-танқидии Эҳсони Хушбахтро бо номи «Барномаи давлатӣ иҷро намешавад. Чаро?» чоп карда, аз хусуси мушкилоти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дар асоси далелу рақамҳои мавҷуда фикру мулоҳиза баён кардааст. «Мушкилоти ҳирфаии омӯзгорон», «Коллеҷ хобгоҳ надорад», «Мо бурунро нангарему қолро!», «Экология ва масоили забон» ва дигар мақолаҳои нашршудаи нашрияи Вазорати маориф ва илм паҳлӯҳои гуногуни соҳаро инъикос кардаанд.  

Нашрияи оҷонсии иттилоотии «Хатлон-ПРЕСС» — СССР, дар шумораи навбатӣ оид ба қадршиносии падару модари завҷаи худ аз ҷониби мардони тоҷик таҳти номи «Чор пиру чор тадбир» андешаҳои инфиродии сардабири ҳафтаномаро нашр карда, бо сарлавҳаи «Кадом давлат Тоҷикистонро ноором карданист?» мақолаи таҳлилӣ пешкаши хонандагон намудааст. Муаллифон навиштаанд: «Шӯриши низомии Ҳоҷӣ Ҳалим тибқи иттилои сарчашмаҳои муътамади СССР бояд дар Тоҷикистон «массовая резня» ё худ қатли омро ба миён меовард… ин давоми мантиқии хунрезии солҳои 92 мешуд, вале ба ин тафриқа, обу равғанрезони ин низоъ ҳаргиз дигар кишвари моро ба сулҳу оромӣ баргардониданӣ набуданд».

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мақолаи  «Модари марг 4 тифлро ба дарё андохт, ҷанозаи ӯ дуруст аст?»- ро чоп кардааст. Муаллиф навиштаст: «Гунаҳкор ҳамонест, ки ба чунин кор даст зад ва барои ин агар зинда монад, қонун ва агар мурад, Худо бояд ҷазояшро диҳад, ки ба дигарон ибрат шавад». Мақолаи «Заминбозӣ, заминсозӣ, заминдуздӣ» аз ҷинояти 9 –солаи вакили Маҷлиси депутатҳои халқӣ нақл мекунад.

Ҳафтаномаи «Фараж» дар шумораи навбатӣ мақолаи Л.Яқубовро бо сарлавҳаи «Маҳбаси пулакӣ» нашр карда, дар хусуси ҷорӣ кардани шароити маҳбаси алтернативӣ пешниҳод намудааст, ки дар асоси таҷрибаи давлатҳои Дания ва Олмон муассисаҳои ислоҳотии алтернативӣ дар Тоҷикистон кушода шаванд. Дар ҳафтанома мақолаи Б.Олимов, ки муддати 12 сол дар Сурия кору зиндагӣ кардааст, бо сарлавҳаи «Воқеияти Сурия дигар аст!» чоп шудааст. Муаллиф навиштааст: «…Сурия ба давлати саноатӣ табдил ёфта буд, ки тамоми давлатҳои минтақа, Африқо, Аврупоро бо молҳои саноати сабук таъмин мекард ва рақиби асосии Туркия шуда буд. Мутаассифона, Сурия ва дигар давлатҳои майда қурбони сиёсати геополитикии давлатҳои муқтадир гаштаанд».

Нашрияи созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» — ҳафтаномаи «Нигоҳ» андешаҳои ҷомеашинос Марям Давлатоваро бо сарлавҳаи «Алфонсу шаҳватпараст дар баробари қурбонӣ» чоп карда, ҳамчунин шеърҳои Фирдавси Аъзамро пешкаши хонандагон кардааст.

Ҳафтаномаи «Миллат» дар сӯгвории устоди журналистикаи муосири тоҷик Асадулло Саъдуллоев бо сарлавҳаи «Устоди бошарофат даргузашт» ёднома нашр карда, таҳти рубрикаи арбобони фарҳанги тоҷик зиндагиномаи мухтасари арбобони шинохтаи кишварро пешкаши мухлисони худ намудааст.

Ҳафтаномаи «Самак» таҳти сарлавҳаи «Язнаи руси Фузайл Махсум» мақолаи узви ИЖТ Азизмуроди Алиакбарро чоп кардааст.

Ҳамчунин ин ҳафта шумораи нахустини маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» дар соли нави 2016 аз чоп баромад. Дар саҳифаҳои маҷалла камбудиву норасоиҳои мавҷуда, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеа гаштаанд, бо забони танз мавриди мазаммату сарзаниш қарор дода шуданд. Маҷалла бо риояи анъанаи пешини худ бо расмҳои рангаи ҳаҷвӣ оро ёфтааст.

Февраль 11, 2016 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
АМИТ «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» беҳтарин дониста шуд
Дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд