Ҷаласаи Комиссия оид ба воситаҳои нашъадор дар Вена
Душанбе, 17.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ҳамасола дар қароргоҳи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷаласаи Комиссия оид ба воситаҳои нашъадор (CND) дар шаҳри Вена баргузор мегардад, ки дар кори он масъалаҳои соҳаи назорати маводи нашъаовар муҳокима мегарданд.
Ҷаласаи 59-ум аз 14 то 22 март инҷониб идома дорад ва масъалаҳоро дар арафаи ҷаласаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ оид ба масоили маводи нашъаовар (UNGASS), ки дар шаҳри Ню-Йорк аз 19 то 26 апрел баргузор мегардад, муҳокима менамоянд.
Дар қатори 1,5 ҳазор иштирокдори ҷаласаи 59-ум ҳайти Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати маводи нашъаовар Салимзода Шерхон ширкат доранд.
Дар рӯзи якуми ҷаласа-14 март директори агентӣ сухан гуфта, аз иштирокдорон даъват кард, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эълон намудани солҳои 2016-2020 “Панҷсолаи чораҳои ҷаҳонӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим” дастгирӣ намоянд ва пешниҳод намуд, ки ин ташаббус дар ҷаласаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ оид ба масоили маводи нашъаовар мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ш. Салимзода ҳамчунин дар бораи натиҷаҳои таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” маълумот дод.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






