Ҷаласаи ёздаҳуми масъулини аршади Муколамаи «Осиёи Марказӣ ва Япония» дар Токио

Март 28, 2016 08:28

Душанбе, 28.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- 25 марти соли 2016 дар шаҳри Токио ҷаласаи ёздаҳуми масъулини аршади Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Япония дар сатҳи муовини вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Япония баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ роҳбарӣ намуд.
Ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар сатҳи бисёрҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои амният, савдо ва сармоягузорӣ, нақлиёт ва логистика, инчунин ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстона изҳори назар намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин корҳои омодагӣ ба ҷаласаи шашуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама, ки дар Ашқобод соли 2016 дар назар аст, баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар ҳошияи Муколама мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли девони вазирони ҳукумати Япония Ҳирошигэ Сэкова, муовини вазири парлумонии корҳои хориҷии Япония Мики Ямада баргузор гардид.

Март 28, 2016 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад