Ҷалби ҷавонони соҳибкор ба ташаккул ва рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ
Душанбе, 28.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккул ва рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ бо иштироки масъулини кумита миёни ҷавонони соҳибкори шаҳри Конибодом машварат дар мавзўи «Ҷалби ҷавонони соҳибкор ба ташаккул ва рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ» баргузор гардид.
Дар машварат зиёда аз 50 ҷавон иштирок варзида, оид ба фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, роҳҳои ташаккул ва рушди он барои худ маълумоти муфид гирифтанд.
Ҳамзамон масъулини кумита дар байни ҷавонони ҷамоатҳои Патар, Маҳрамов ва Лоҳутии шаҳри Конибодом бобати тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, шарҳи зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафъи омилҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, танзиму анъана ва ҷашну маросими миллӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар масоили марбут ба соҳаи ҷавонон вохўриҳои судманд доир намуданд.
Дар вохўриҳо зиёда аз 250 ҷавону занони ҷамоатҳои мазкур иштирок намуда, оид ба масъалаҳои муҳим маълумоти зарурӣ гирифтанд.
Чунин машварат ва вохўриҳо аз ҷониби масъулини кумита то охири моҳи марти соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Бўстон, Истаравшан, Деваштич ва Зафарободи вилояти Суғд дар назар дошта шудааст.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






