Амалӣ шудани 352 лоиҳа ба маблағи 28,5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон
Душанбе, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар сафорати Ҷопон созишномаи 6 лоиҳаи нав аз ҷониби сарпарасти сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада бо раиси ноҳияи Вахш Шарбатуллои Азизулло «Лоиҳаи барқароркунии бинои мактаб- интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Вахш» ба маблағи 83,812 доллари ИМА, раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷураев «Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби №15 дар деҳаи «Угук»-и ҷамоати ба номи Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич» ба маблағи 103,199 доллари ИМА, директори Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дил Зафар Шарипов «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои шуъбаи педиатрии Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо дар Тоҷикистон» ба маблағи 87,454 доллари ИМА ва бо директори филиали корхонаи давлатии протезӣ- ортопедии шаҳри Душанбе дар шаҳри Хуҷанд Ҳошим Қосимов «Лоиҳаи таъмири бинои шуъбаи корхонаи давлатии протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе дар шаҳри Хуҷанд» ба маблағи 83,975 доллари ИМА ба имзо расид.
Гуфта мешавад, ки лоиҳаҳои мазкур дар чаҳорчӯбаи барномаи Ҳукумати Ҷопон таҳия шуда, он бо мақсади расонидани кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши зиёди аҳолии Тоҷикистон равона шудаанд.
Ба иттилои сарпарасти сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада аз соли 1996 то инҷониб дар Тоҷикистон кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши зиёди аҳолӣ 352 лоиҳа ба маблағи умумии 28,5 миллион доллари ИМА ба имзо расида, амалӣ шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






