Ҷамъбасти олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми АИ ҶТ»
Душанбе, 14.03.2016. (АМИТ “Ховар”). -Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.
Тавре ки Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, олимпиада бо ташаббуси президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар АИ ҶТ соли сеюм аст, ки доир мешавад.
Олимпиада аз рӯи 12 самти илмӣ, аз ҷумла математика, физика, химия, астрономия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа ва ҳуқуқ баргузор гардид, ки дар он 33 муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беш аз 300 донишҷӯй қувваозмоӣ намуданд.
Аз рӯи ҷамъбасти олимпиада 9 донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, 1 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва 1 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав ҷои якумро ишғол намуда, бо дипломҳои дараҷаи якуми олимпиада ва «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Бо дипломҳои ҷои дуюми олимпиада 4 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, 2 донишҷӯи Донишкадаи давлатии кӯҳию металлургии Тоҷикистон, 1 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон, 1 донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, 1 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав, 1 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, 1 донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон ва 1 донишҷӯи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






