Андраш Барани: Маҷористон ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масоили об ҷонибдорӣ мекунад

Март 12, 2016 12:43

Душанбе, 12.03.2016. (АМИТ «Ховар»). – «Маҷористон ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба тамдиди Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор» ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин росто Маҷористон ва Тоҷикистон аъзои гурӯҳи «Дӯстони об»-и кумитаи назди СММ буда, дар ин самт муносибатҳои нек доранд», — зикр кард сафири навтаъйини ин кишвар дар Тоҷикистон Андраш Барани рӯзи 11-уми март пас аз супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ афзуд, ки: «Барои ман ифтихори бузург аст, ки дар соли 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари мо яке аз аввалинҳо шуда, онро эътироф карда буд, сафири Маҷористон дар Тоҷикистон таъйин шудам. Маҷористону Тоҷикистонро арзишҳои зиёде бо ҳам мепайванданд. Ҳамин кофӣ аст ёдовар шавем, ки парчамҳои мо қариб ба ҳам монанданд: сурх, сафед ва сабз.
«Ман мехоҳам таъкид созам, ки Ҳукумати Маҷористон оид ба таъсиси самти сиёсати кишвар ба Шарқ қарор қабул кард. Ин маънои онро дорад, ки илова ба нигоҳ доштани робитаҳо бо шарикони асосиамон дар Аврупо ва фазои Атлантикаи Шимолӣ, мо ҳамчунин муносибатҳои иқтисодию тиҷоратиро бо шарикони анъанавиамон дар Шарқ барқарор менамоем. Дар ин самт, Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз нуқтаи назари татбиқи ҳадафҳоямон шарики хеле муҳим ба шумор меравад. Барои ноил шудан ба нақшаҳоямон, хуб мебуд, Шартнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии сармоягузориро ба имзо расонем, ки он дар марҳилаи мувофиқа қарор дорад», — гуфт Андраш Барани.
«Маҷористон яке аз аввалин мамолики шарқию марказии Аврупо мебошад, ки соли гузашта тасмим гирифт лоиҳаҳои Бонки ҷаҳониро дар Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ намояд. Ба сифати кишвари мададрасон Маҷористон барои Осиёи Марказӣ 20 миллион доллари ИМА ҷудо мекунад. Боиси хушнудист, ки лоиҳаҳои мо барои коҳиш додани бекорӣ, инчунин рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҷалби маблағгузории бонкӣ дар Тоҷикистон татбиқ шуда истодаанд», — гуфт сафири Маҷористон дар Тоҷикистон.
«Чанд рӯз пеш ширкати фарматсевтии Маҷористон тасмим гирифт, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи Тоҷикистон ба маблағи қариб 40 ҳазор доллари ИМА доруворӣ ҷудо намояд», — гуфт дар хотима Андраш Барани.

Март 12, 2016 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад