АНМН: Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони ДМТ

Март 3, 2016 11:03

Душанбе, 3.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Аз тарафи кормандони шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур 2 марти соли равон дар Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯдухтарон оид ба хатари маводи мухаддир, бемориҳои сироятии ВНМО ва ҷудошавии оилаҳо вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ оид ба хатари паҳншавии нашъамандӣ, шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав аз тарафи бархе аз ҷавонон, хусусан нафароне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ҳушдор дода шуд.
Дар вохӯрӣ инчунин оид ба татбиқи барномаҳои зиддимухаддиротӣ ва қонунҳои ҶТ сухан гуфтанд.

Март 3, 2016 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд