Ба фаъолият шуруъ намудани филиали нави ТАҚХ «Финка»
Душанбе, 04.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ филиали нави ҶДММ ташкилоти амонатии қарзии хурди «Финка» ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар нуқтаи нави хизматрасонии ин ташкилот 17 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Ба гуфтаи директори филиали ТАҚХ «Финка» дар н. Рӯдакӣ Саида Темирова дар гузашта низ ТАҚХ «Финка» фаъол буда ва бо зиёд шудани муштариёну бештар гардидани талаботи онҳо имрӯз нуқтаи наву замонавӣ, ки ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ мебошад, ифтитоҳ ёфт. Дар ТАҚХ «Финка » аз 1500 то ба 150 000 сомонӣ қарзҳо пешкаши муштариён мегарданд. Бояд гуфт, ки то ба имрӯз барои 1800 муштарии филиали ТАҚХ «Финка» дар н. Рӯдакӣ қарзҳо пешниҳод гардида, дар маҷмӯъ ба зиёда аз 30 ҳазор муштариён хизматрасонии қарзӣ пешниҳод гардидааст. Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ 30 маркази ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Финка» фаъол буда, ба шаҳрвандон дар самтҳои пешниҳоди қарз, ҷалби амонат, интиқоли маблағ ва мубодилаи асъор хизмат мерасонанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






