Ба истифода додани корхонаи адрасбофии «Марҳабо» дар Роғун

Март 25, 2016 12:04

Роғун, 25.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар шаҳри Роғун бо иштироки раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз корхонаи адрасбофии » Марҳабо » — и деҳаи Қандаки ҷамоати шаҳраки Оби гарм ба истифода дода шуд. Соҳибкор Нозилшоҳ Буриев гуфт, ки таҷҳизот ва риштаи корхонаро аз вилояти Суғд харидаанд.
Ҳамчунин дар маркази шаҳри Роғун аз ҳисоби соҳибкор Убайдулло Достиев коргоҳи таълимии адрасбофӣ кушода шудааст, ки дар он ҷавондухтарони хоҳишманди шаҳр ба таълим фаро гирифта шудаанд. Зикр шуд, ки дар сурати ба истифода додани корхонаи адрасбофӣ боз 10 дастгоҳи бофандагӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Матое, ки корхонаҳои мазкур истеҳсол мекунанд, 100 фоиз аз риштаи пахтагин буда, ба саломатии инсон безарар аст ва талабот ба ин гуна матоъҳо дар ҷумҳурӣ зиёд аст. Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун тасмим гирифтаанд, ки бо дастгирии соҳибкорон ва барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ сафи чунин корхонаҳоро зиёд намоянд.

Март 25, 2016 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид