Ба истифода супоридани маҷмааи корхонаҳо ва муассисаҳои хизматрасонӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Исфара
Душанбе, 24.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷмааи корхона ва муасиссаҳои хизматрасонӣ ташриф овард. Сокинони шукргузори шаҳри Исфара Пешвои миллатро бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.
Пеш аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар маркази мазкур Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти он дар вазъиияти тантанавӣ оғоз бахшид.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки арзиши умумии сохтмони Маҷмааи хизматрасонӣ наздики 7 миллион сомонӣ буда, фармоишгарони иншоот сокинони ватандӯсти ноҳия мебошанд.
Соҳибкори маҳаллӣ Файзулло Нурулоев дар шаҳр биноеро бо маркази “Бизнес инкубатор” бунёд намудааст, ки он ҳамчун нуқтаи бозомӯзӣ барои соҳибкорони ҷавони шаҳр хизмат мерасонад. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо намояндагони соҳибкорони шаҳр дастур дод, ки соҳибкорони ноҳия бештар ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи компютерӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Инчунин ба соҳибкории истеҳсолӣ рӯ оварда, тавлиди маҳсулоти ватаниро афзоиш диҳад.
Дар ин ҷо ба нафароне, ки бори нахуст дар риштаи соҳибкорӣ фаъолиятро оғоз менамоянд, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва касбӣ дода мешавад. Дар қисми дигари бино ҳамин соҳибкор маркази хизматрасонии Равзанаи ягонаро бунёд кардааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми соҳибкорон низ изҳори хушӣ карда, дастур дод, ки тарзҳои муосир усули равзанаи ягонаро, ки бидуни дахолати инсон сурат мегирад, ба роҳ монанд. То ҳол дар шаҳри Исфара маркази Равзанаи ягона вуҷуд надошт ва соҳибкорон барои ба расмият даровардани санадҳои ҳуқуқӣ ба маркази вилоят мерафтанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони ватандӯстро ибратбахш хонда, ибтикори онҳоро шоёни дастгирӣ арзёбӣ намуд.
Дар ошёнаҳои дуюм то чорум 18 манзили истиқоматӣ ҷойгир шудааст, ки он бо нархҳои дастрас ба сокинони шаҳри Исфара фурӯхта мешавад.
Дар ҳамин марказ муҳташами хизматрасонӣ мағозаи фурӯши либос ва таҷҳизоти маишӣ-техникии “Ориёно”-ро соҳибкор Нарзулло Улмасов бунёд намудааст, ки аз 5 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум маркази савдои ҷойгир шудааст. Дар як қисми мағоза таҷҳизоти маишӣ-техникӣ ва дар дигараш мағозаи фурӯши сару либос фаъолият мекунад. Дар ошёнаҳои боқимондаи бинои панҷқабата хонаҳои истиқоматӣ бо тарҳу шакли нав бунёд гардидааст, ки барои фурӯш пешбинӣ мешавад.
Арзиши лоиҳавии он зиёда аз 3,3 миллион сомонӣ мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби занону бонувон ба касбомӯзӣ дар маҷмааи хизматрасонӣ соҳибкорони шаҳри Исфара коргоҳи таълимӣ-дӯзандагии «Саховат»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳи мазкур дар бинои бисёрошёна ҷойгир буда, аз 2 толор – яке барои омӯзонидани ҳунарҳои дастӣ ва дӯзандагӣ ва дуюмӣ нуқтаи намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ иборат мебошад.
Ҳангоми шиносоӣ аз ин марказ Президенти мамлакат ба соҳибкорон барои пуштибонӣ аз сиёсати неки иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори сипос кард. Хабар дода шуд, ки дар маркази омӯзишӣ имкон аст, ки дар як сол то 300 нафар занону боонувон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд. Дар ошёнаҳои дуюм то чоруми ҳамин қисмати бино низ 10 хонаи истиқоматӣ ҷойгир аст. Соҳибкорони бунёдкор талош намуданд, ки ҳамзамон бо фаол намудани марказҳои хизматрасонӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин хонаҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода диҳанд, ки ин иқдом шоёни дастгирӣ унвон шуд. Тавре хабар дода шуд, арзиши лоиҳавии иншоот зиёда аз 1,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Соҳибкори дигари шаҳр Зиёвуддин Ҳамдидинов ташхисгоҳи тибби оилавӣ ва гиёҳдармониро дар ҳамин иншоот фаъол кард.
Ташхисгоҳ дар ошёнаи якуми бинои бисёрошёна ҷойгир буда, ба мардум хизмат мерасонад.
Дар ошёнаҳои болои бино 4 ҳуҷра ҷойгир шудааст. Арзиши лоиҳавии иншоот зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ мебошад.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба чор ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳр – Исфара, Ворух, Чилгазӣ ва Чоркӯҳ мошини ёрии таъҷилӣ тақдим намуд.
Бунёди маҷмааи корхонаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ имкон фароҳам овард, ки даҳҳо нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.
Баъди шиносоӣ бо шароити маҷмааи калони хизматрасонӣ дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон мулоқоти самимӣ доир кард.
Нахуст Сарвари давлат сокинонро бо ифтитоҳи маҷмааи бисёрсоҳаи хизматрасонӣ, ки кушодашавии он ба рӯзҳои ҷашни зебои Наврӯз рост омадааст, табрику таҳният гуфт. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон, ки шоистаи таҳсин аст, баҳои арзанда дод.