Баргузории Рӯзҳои Ҷопон дар Тоҷикистон
Душанбе, 14.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-12-13-уми март дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон фестивали фарҳангии Рӯзҳои Ҷопон баргузор гардид.
Фестивали фарҳангии Рӯзҳои Ҷопон аввалин намоиши фарҳанги Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он намоишҳои беҳтарини фарҳангу суннати Ҷопон, аз ҷумла намоиши либоси мардуми Ҷопон, санъати набототӣ, хаттотии анъанавии ҷопонӣ, намудҳои гуногуни шаклсозӣ аз қоғаз, созиши суннатӣ ва рақси ҷопонӣ, маросими чой, намоиши тарзи омода намудани хӯроки миллӣ ва дигар фарҳанги мардуми Ҷопон ба намоиш гузошта шуданд.
Ба иттилои сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада, мақсад аз баргузории Рӯзҳои Ҷопон дар Тоҷикистон муаррифӣ намудани расму оини Ҷопон ба мардуми Тоҷикистон буда, беҳтар намудани муносибатҳои дӯстона байни ду кишвар аст.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






