Баррасии масъалаҳои ҳамкории зиддимухаддиротӣ дар мулоқоти дуҷониба

Март 17, 2016 11:14

Душанбе, 17.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Аз 14 то 22 март инҷониб дар шаҳри Вена ҷаласаи Комиссия оид ба воситаҳои нашъадор (CND) идома дорад, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати маводи нашъаовар Салимзода Шерхон ширкат дорад.
Дар доираи ҷаласа Ш. Салимзода бо муовини котиби Генералии СММ, директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ю. Федотов мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ ва таҳияи лоиҳаҳо ва барномаҳои зиддимухаддиротии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон муҳокима гардиданд. Ю. Федотов таҳияи муваффақонаи лоиҳаи Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон — марҳилаи II»-ро зикр намуд, ки аз соли 1999 амалӣ шуда истодааст ва 31 декабри соли 2016 ба итмом мерасад. Зимни муҳокима тарафҳо дар бораи тамдид намудани лоиҳаи мазкур то охири соли 2019 мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Директори агентӣ инчунин бо вазири мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон Саломат Азимӣ ва муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон Боз Муҳаммад Аҳмадӣ, директори Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (ММҲИОМ) Б. Жунусов вохӯрии дуҷониба гузаронид.

Март 17, 2016 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад