Баррасии масоили ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ
Душанбе, 17.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- 16 марти соли 2016 вохӯрии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо намояндаи муваққатии минтақавии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ Элизабет да Кошта баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо рӯи масоили ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ, таъмини ҳимоя ва риояи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ, инчунин омодагии кишвар барои баррасии ҳисоботи дуюми даврии универсалӣ дар Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ ибрози назар карданд. Ҷонибҳо ба аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ дар ҳифз ва риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар таъкид карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






