Беларусу Тоҷикистон истеҳсоли тракторҳоро барои содирот ба кишварҳои ҳамсоя ба роҳ мемонанд

Март 12, 2016 11:32

Душанбе, 12.03.2016 (АМИТ «Ховар).- «Робитаҳои моро бо Тоҷикистон на танҳо муносибатҳои шарикӣ ва эътимоду бовар, балки дӯстӣ низ мепайвандад. Мутмаинам, ки дар оянда низ муносиботи дуҷонибаи мо босуръат рушд мекунанд. Ҳамчун сафири Беларус дар Тоҷикистон талоши зиёд хоҳам кард, то ки ин робитаҳои эътимоду боварро шаҳрвандони одии кишварҳои мо низ эҳсос кунанд»,-иброз дошт пас аз супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири тозатаъйини Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Олег Иванов.
Олег Иванов иттилоъ дод, ки моҳҳои наздик ҷаласаи 10-уми ҷашнии комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир мегардад ва дар назар аст, ки ҳайати бонуфузи вазоратҳо аз Минск ба Душанбе ташриф оранд. Яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа-ин ба итмом расонидани ташкили истеҳсолоти васлкунӣ дар Тоҷикистон мебошад.
«Мо на танҳо мехоҳем, ки тракторҳоямонро фурӯшем, балки мехоҳем, ки Тоҷикистон онро худ истеҳсол кунад. Мо дар нақша дорем, ки соли равон сохтмони истеҳсолоти васлкуниро дар шаҳри Ҳисор хотима бахшем. Мувофиқаи чунин як лоиҳа дар вилояти Хатлон низ ба итмом расида истодааст ва мо мехоҳем, ки дар он ҷо тракторҳоро на танҳо барои эҳтиёҷоти Тоҷикистон, балки барои кишварҳои ҳамсоя ҳам истеҳсол кунем»,- тазаккур дод сафири Беларус дар Тоҷикистон.

Март 12, 2016 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад