Белгия ба мавқеи ДИ зарбаҳои ҳавоӣ хоҳад зад

Март 25, 2016 18:46

Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Белгия тасмимашро барои задани зарбаҳои ҳавоӣ ба гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар ҳайати эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА тасдиқ мекунад, — эълом дошт сарвазири ин кишвар Шарл Мишел. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

«Шумо ҳамчунин медонед, ки дар доираи созишнома бо Ҳолланд, мо вазифаи ҳавопаймоҳои  F16-ҳамонро аз сар гирифта, дар парлумон ва ҳукумат ба муҳокима мегузорем, то ки имконпазир будани тавсеаи ваколати  F16-ҳоро ҳал намоем», — гуфт Шарл Мишел зимни нишасти матбуотии муштарак бо Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри.

Ба гуфтаи ӯ, бояд донист, ки Белгия дар якҷоягӣ бо ИМА дар доираи эътилофи байналмилалӣ, ки бо ДИ мубориза мебарад, чӣ нақши муфид мебозад.

Дар навбати худ Ҷон Керри изҳор дошт, ки ИМА бо Белгия ҳамкории қавиро идома дода, дар нобудсозии ДИ ба муваффақият ноил шуда истодаанд.

Аввали моҳи март ВАО хабар доданд, ки Вашингтон оид ба иштироки ҳавопаймоҳои қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Шоҳигарӣ дар амалиёти ҳарбӣ-ҳавоӣ дар Сурия расман ба Белгия муроҷиат кардааст. Қаблан хавопаймоҳои Белгия дар амалиёти эътилофи байналмилалӣ дар Ироқ иштирок доштанд.

Март 25, 2016 18:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад