Бинои навбунёди шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров
Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз дар доираи сафари хизматӣ вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд рафта, дар маросими ифтитоҳи бинои навбунёди шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров ширкат варзид.
Бинои мазкур дуошёна буда, аз ҳуҷраҳои корӣ, толори варзишӣ, ошхона барои ҳайати шахсӣ, макони хоб, меҳмонхона ва ғ. иборат мебошад.
Зимни боздид вазир аз сатҳу сифати корҳои сохтмонии бинои мазкур, ки аз таҳкурсӣ бо тамоми риояи меъёрҳои сохтмонӣ сохта шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Р. Раҳимзода ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров ва собиқадорони милитсияро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ табрик карда, аз дастовардҳои мардуми Тоҷикистон ва пешравиҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ёдовар гардид.
Собиқадорони соҳа аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ бо туҳфаҳои қимматнок қадрдонӣ гардиданд.
Сафари кории вазири корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






