Боздиди Сарвазири мамлакат аз ҷараёни корҳои сохтмонии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2
Душанбе, 14.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода 12 марти соли равон бо ҷараёни корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 шинос шуд.
Зимни шиносоии Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз мавзеи сохтмони биноҳои маъмурӣ, толори агрегатҳо, маҷмӯаи электронии ҷамъоварандаи чангу ғубор, иншооти таъминот ва гардишдиҳандаи об, низоми дастраскунандаи ангишт ва анборҳои захираи он иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур мувофиқи нақша идома дошта, таҷҳизоти зарурии техникӣ барои фаъолияти бонизоми марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ дастрас шудаанд.
Хотиррасон бояд кард, ки лоиҳаи сохтмони марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 300 мГВ дар асоси созишномаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ гардида, анҷоми корҳои сохтмонии навбати аввали он дар оғози мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 пешбинӣ шудааст.
Дар анҷоми шиносоӣ таҳти раёсати Сарвазири мамлакат дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ситоди сайёри корӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва масъулони ташкилоту иттиҳодияҳои сохтмонӣ барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои нақшавии сохтмонӣ, насбу васли таҷҳизоти дастрасшуда, фароҳамсозии шароити мувофиқ барои захираи ангиштсанг, таҳкими корҳои бунёди хаттҳои интиқоли гармӣ ва нуқтаҳои гармидиҳанда ва вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолии пойтахт вобаста ба омодагӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ барои пайваст намудани биною иншооти маъмурию истиқоматӣ ба шабакаҳои мутамаркази гармидиҳии шаҳри Душанбе вазифадор шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






