Дар Ҳолланд гумонбар дар омода намудани ҳамлаи террористӣ дар Фаронса дастгир гардид
Душанбе, 28.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Полиси Ҳолланд дар Роттердам марди 32-соларо бо гумони омода намудани ҳамлаи террористӣ дар Фаронса дастгир намуд. Дар ин бора Reuters хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки гумонбар бо дархости ҳукумати Фаронса дастгир шудааст ва ба наздикӣ ӯ бояд ба кишвар супорида шавад. Шахсияти дастгиршуда ошкор карда намешавад.
Ба иттилои манбаъ, полиси Ҳолланд зимни амалиёти махсус инчунин 3 марди дигарро низ дастгир кард. Сокинони хонаҳои наздик ба ҷойҳои бехавф таҳвил дода шуданд. Котиби матбуотӣ Вим де Бруин аз шарҳ додани ин қазия худдорӣ карда, эълон дошт, ки ин парвандаро прокуратураи Фаронса тафтиш мекунад.
Бояд гуфт, ки дар давоми чанд моҳи охир дар Аврупо силсилаи ҳамлаҳои террористӣ рух дод. Аз ҷумла, шаби 14-уми ноябр ҷангиён дар варзишгоҳи «Стад де Франс» таркишҳо содир карда, дар толори консертии «Батаклан» мардумро асир гирифтанд, инчунин ба қаҳвахона ва тарабхона ҳамла оварданд, ки дар натиҷа 130 нафар ба ҳалокат расид.
Рӯзи сешанбеи гузашта, 22-уми март дар фурудгоҳи Брюссел якбора ду таркиш ба қайд гирифта шуд. Баъдан таркиши сеюм дар маркази шаҳр- дар истгоҳи метрои «Маэлбек» ба амал омад. Дар натиҷаи ин таркишҳо 28 нафар ба ҳалокат расида, 340 каси дигар осеб диданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






