Дарёфти муҳимоти ҷангӣ аз деҳаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат

Март 9, 2016 17:55

Душанбе, 09.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — 7-уми марти соли равон дар деҳаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат аз тарафи Фарзонаи Қурбон, соли таваллудаш 2003, хонандаи синфи 6-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №55-и деҳаи Симиганҷи ноҳияи мазкур дар марғзор оид ба дарёфти силоҳу лавозимоти ҷангӣ ахборот дохил шуд.

Падари ӯ полковники милитсия Ибрагимов Қ.Б. дар ин бора фавран ба ШВКД дар ш.Ваҳдат хабар дода, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, гранатамёт (бисёристифодашаванда) ва лавозимоти ҷангии зиёдро мусодира ва ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод намуданд.

Барои зоҳир намудани зиракиву ҳушёрӣ ва ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ Фарзонаи Қурбон аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мукофоти қимматноки «Ноутбук» ва падараш Ибрагимов Қурбонбег Бовобекович бо «Ифтихорнома»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва модараш Оева Гулнора Саидовна бо «Раҳматнома»  сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, қайд карда мешавад, ки ҷавононе, ки барои дарёфти силоҳ кӯмаки худро расонидаанд, минбаъд барои дохил шудан ба Донишкадаҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи кишвар дорои имтиёзҳо хоҳанд шуд.

Март 9, 2016 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст