Дилбар Одилзода: Нақши китобу китобхона дар баланд бардоштани раванди таълиму тарбия назаррас аст

Март 11, 2016 11:47

Душанбе, 11.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар чанд соли охир падару модарон ва омӯзгорон, умуман аҳли ҷомеаро масъалаи кам мутолиа кардани насли нав ба ташвиш овардааст. Ва ин ҳолат на танҳо дар ҷомеаи мо, балки дар бештари кишварҳои дунё ба чашм мерасад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҷойи китобу мутолиаро барои наврасону ҷавонон тамошои филмҳо ва барномаҳои телевизионӣ (мувофиқи табъу завқ), бозиҳои компютерӣ, кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ (интернет) ва гӯш кардани радио гирифтааст. Аксари наврасону ҷавононе, ки ба техникаю технологияи муосир (интернет, телевизион, радио, компютер) сарукор доранд, на ҳамеша аз ҷиҳатҳои мусбати он истифода мебаранд. Коршиносон, аз ҷумла, равоншиносону омӯзгорон усулҳои муосири бедор намудани шавқи мутолиаи китобро ҷустуҷӯ менамоянд. Ва яке аз усулҳои муосир ин тарзи пешниҳоди  асари бадеӣ аз ҷониби устоди хонанда аст.

Дар робита ба ин АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино Одилзода Дилбар суҳбат намояд.

Ховар: Имрӯз дар ноҳияи Сино чанд муассисаи таълимӣ фаъолият дорад ва таъмини хонандагон бо китобҳои бадеӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

Дилбар Одилзода: Дар тобеияти шуъбаи маорифи ноҳияи Сино 33 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 3 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва 1 мактаб-кӯдакистон фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 35 китобхона мавҷуд аст.

Барои ҷалби хонандагон ба китобҳои бадеӣ дар Паёми Президенти мамлакат ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги мардум диққати махсус дода шудааст. Бо ин мақсад нақши китоб ва китобхонаҳо сазовори баҳои баланд дониста шудааст. Китобхона – ин маркази ақидаҳои пешқадамест, ки ба он ҳама даъват мешавад. Китобхона яке аз қисмҳои таркибии муассисаи таълимӣ буда, таъмингари адабиёту ахбор дар раванди таълиму тарбия ва инчунин маркази вусъатдиҳии дониш ба ҳисоб  меравад.  Дар роҳи баланд бардоштани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ нақши китобу китобхонаҳо назаррас аст. Бо мақсади  иҷрои паёмҳои  ҳарсолаи Пешвои миллат ва ҷалби бештари хонандагон ба мутолиаи китобҳои  бадеӣ бори аввал бо ибтикори шуъбаи маорифи ноҳияи Сино  озмуни «Китобхони беҳтарин-2015” гузаронида шуд, ки ба такмили донишу  маърифат, густариши ҷаҳонбинию  маънавият, худшиносӣ,  арҷгузорӣ ба осори бузургон, касби ахлоқи  ҳамида  ва нутқи шифоҳии хонандагон мусоидат менамояд.

Ховар: Дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия чӣ миқдор адабиёти бадеӣ ва бо кадом забонҳо маҳфузанд?

Одилзода Дилбар: Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино 9 ҳазору 487  китоби бадеӣ бо забони тоҷикӣ ва 78 ҳазору 587 китоби бадеӣ бо забони русӣ, инчунин 28 ҳазору 269 маводи таълимӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки хонандагон аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар адабиёти бачагона ва асарҳои шоирону адибони муосир дастраси мо мегарданд.

  Ховар: Талабагон ба хондани китобҳои бадеии олам таваҷҷуҳ доранд?

Одилзода Дилбар: Дар  шароити  устувор  гардонидани  иқтидори  иқтисодии  кишвар барои рушди  босуръати  техника ва технологияи муосир самтҳои  нави  инкишофи илму  техника, воридшавӣ  ба низоми ягонаи таҳсилот  барои ташаккули завқи  хонандагон  ба  китобхонӣ,  инкишофи  ҷаҳонбинию  ҷаҳонфаҳмии хонандагон  китобдорони  муассисаҳои  таълимиро зарур аст, ки бо ҳар роҳу восита  хонандагонро  барои хондани  асарҳои  бадеӣ ҷалб  намоянд.

         Ховар: Дар муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳо бо адибон баргузор мегарданд?

Одилзода Дилбар: Яке аз мақсадҳои  гузаронидани Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби  кӯдакону  наврасони Тоҷикистон»- ин шиносоӣ бо адибону нависандагон мебошад, ки ҳамасола гузаронида мешавад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо ҷаҳонбинии наврасонро баланд бардошта, захираи луғавӣ ва шавқи китобхонии онҳоро зиёд менамояд. Мо ният дорем, ки дар оянда низ чунин озмунҳоро гузаронида, шавқу рағбати хонандагонро ба китобхонӣ  зиёд намоем.

Ховар: Дар самти ҷалб намудани хонандагон ба китобхони чӣ нақшаҳо доред?

  Одилзода Дилбар: Воситаи асосии ҷалб намудани хонандагон ба китобхона, интихоби китобхони беҳтарин, шаби саволу ҷавоб, вохӯрӣ  бо шоирону нависандагон ва шахсони намоёни маҳалу ноҳияҳо мебошад. Ҳамчунин шинос намудани хонандагон бо Китобхонаи бачагонаи ба номи М. Миршакар, Китобхонаи миллӣ, Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лохутӣ ба фоидаи кор мебошад. Дар оянда низ мақсад дорем чунин вохӯриҳоро бештар баргузор намоем.

 

 Суҳбаторо Мавҷуда Анварӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Март 11, 2016 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин