Э. Раҳмон: «Табиб ҳаққи хато кардан надорад»

Март 4, 2016 18:13

Душанбе, 04.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дар ин бора имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино зимни ифтитоҳи маҷмааи тандурустии “Истиқлол” изҳор дошт.
Дар толори барҳавои марказ, ки дорои 260 ҷои нишаст аст, Сарвари давлат бо донишҷӯёни курсҳои аз 4 то 6-и ДДТТ мулоқот анҷом дод.
Сарвари давлат донишҷӯёнро бо ифтитоҳи маҷмааи нави тандурустӣ табрик намуда, иброз дошт, ки ҳар як донишҷӯ бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, то сазовори номи баланди табиб гардад ва дар ин маҷмаа пас аз хатм соҳиби кор гардад.
“Табиб ҳаққи хато кардан надорад, зеро табиб шахсе мебошад, ки бо ҳаёти одам сару кор дорад ва аз ин хотир табиб бояд соҳибихтисосу босавод ва соҳибмаърифат бошад”,-гуфт Пешвои миллат ба донишҷӯён.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки таҷҳизоту технологияҳои муосири тиббии ин маҷмаа бояд пурраву самаранок истифода шаванд.
“Ҳанӯз дар ҷумҳурӣ норасоии мутахассисони соҳаи тиб дар як зумра шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба мушоҳида мерасад. Бинобар ин имсол дар вилояти Хатлон дар соли нави таҳсил як муассисаи тиббӣ ба истифода дода мешавад, ки имсол 350 донишҷӯйро ба даргоҳаш қабул хоҳад кард. Дар баробари ин Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон имсол қабули довталабонро боз ба 400 нафар зиёд кард, ки ин иқдомҳо норасоии мутахассисони соҳаи тибро аз байн хоҳанд бурд”,-илова намуд Президенти Тоҷикистон.
Дар идомаи суҳбат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи терроризму экстремизм сухан карда, терроризм ва экстремизмро вабои аср номид.
“Гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ низ ба норасоии равоншиносон вобастагии зич дорад, зеро бештари нафароне, ки ба чунин ҳаракатҳо шомил мешаванд, аз хурди ниёз ба ташхиси равоншиносӣ доранд”,-илова намуд Сарвари давлат.
Президенти кишвар ба донишҷӯён тавсия дод, ки онҳо дар баробари мутахассиси хуб шудан, инчунин бояд ба забономӯзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
“Ҳар як ҷавони даврони истиқлол бояд ғайр аз забони давлатӣ боз ду забони хориҷиро ҳатман донад. Имрӯз мутахассисони мо дар хориҷи кишвар кор мекунанд ва бо касбияти баланди худ номи миллати тоҷикро дар хориҷа мебардоранд. Вале бояд дар баробари ин таъкид созам, ки солҳои охир бештари мутахассисони соҳаи тиб, ки дар муҳоҷират буданд, ба ватан баргашта ин ҷо ризқу рӯзиашонро ёфта истодаанд”,-афзуд Пешвои миллат.
Дар фарҷоми мулоқот донишҷӯён таклифу пешниҳод ва таманниёти худро ба Сарвари давлат иброз намуданд.
Шералӣ Ҳошимов, донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пас аз вохӯрӣ бо Сарвари давлат ва дидани ин маҷмааи бузург андешаҳояшро чунин иброз намуд : “Имрӯз пас аз мулоқот бо Пешвои миллат ва шиносоӣ бо ин маҷмааи бузурги тиббӣ шавқу рағбати мо ҷавонон нисбат ба хондану омӯхтани касбамон зиёд гардид. Инчунин ин маҷмаа ба мо табибони ҷавон имконияти хуберо фароҳам овард, то пас аз хатм соҳиби ҷойи кор шавем. Ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат мехоҳам аз номи худ ва кулли донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда диҳам, ки дар оянда дар касби интихобнамудаи худ содиқ монда, ба мардуму ватан хизмати софдилона менамоям”.
Шералӣ Ҳошимов инчунин таклиф намуд, ки хуб мешуд чунин маҷмааҳои саломатӣ бо таҷҳизоти муосир на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар ноҳияҳо низ ба истифода дода шаванд.
“Инчунин мехоҳам ба нафароне, ки барои сохтмони бинои мазкур заҳмат кашидаанд, миннатдорӣ баён намоям”,-илова намуд мусоҳиб.

Март 4, 2016 18:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Волоияти қонун асоси устувории давлат ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум аст»
Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 4700 нафар машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуданд
Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд