Элизабет Инга: ИМА ҷонибдори ояндаи мусолиҳатомез, озод ва дурахшони Тоҷикистону Осиёи Марказист

Март 12, 2016 10:18

Душанбе, 12.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -«Ҳамкории Тоҷикистону Амрико ба хотири ояндаи дурахшон»,-чунин изҳор дошт Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Элизабет Инга бо забони ноби тоҷикӣ баъди супоридани эътимоднома ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хабарнигорон.
Дипломати амрикоӣ инчунин иброз намуд, ки рукнҳои меҳварии фаъолияти ӯ ҳамеша алоқамандии устувор ва талошҳо барои пешбурди арзишҳои умумибашарии демократия, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манзалати инсон ба шумор мерафтанд ва ин рисолатро тасмим гирифтааст ҳангоми адои вазифа дар мақоми сафирӣ дар Тоҷикистон идома бидиҳад. ИМА аз лаҳзаи соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 бо ин кишвар муносибатҳои ҳасана барпо намудааст ва хушнуд аст, ки барои дар Тоҷикистон кор ва зиндагӣ кардани ӯ имкон фароҳам омад.
«Тӯли иҷрои вазифа ба симмати сафир умедворам иртиботи муфидро бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон тақвияти бештар диҳам. Дар субот ва пешрафти иқтисодиёт ва дигар масоили мубрам, аз қабили эҳтироми ҳуқуқи башар, озодии сухан, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иқдоми демократӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳам кард. ИМА ҷонибдори ояндаи мусолиҳатомез, озод ва дурахшони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад. Амният, субот ва шукуфоӣ дар дурнамои дарозмуддат, ки Тоҷикистон ба он талош меварзад, метавонад танҳо тавассути тасмимҳои қавӣ дар самти мудирияти босамар, эҳтироми волоияти қонун, рушди иқтисодиёт ва беҳбуди фазои соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон ба даст ояд. Чун рӯзи таҷлили 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои тарафайни дипломатӣ наздик мешавад, мехостам бахусус таъкид созам, ки мардумони Амрико ва Тоҷикистон барои таъмини ояндаи шукуфон ва дурахшон бо имконоти фарох барои фарзандони мо алоқамандӣ ва рағбати ягона доранд. Бинобар ин тамос ва робитаи мустақим бо мардуми Тоҷикистон бартарият барои ман хоҳад буд ва умедворам, ки ба гӯшаҳои кишвар сафар намуда, бо мардуми Тоҷикистон ва намояндагони соҳаҳои мухталиф иртиботи бештар пайдо кунам. Барои ҳамкории бештару фарох бобати ояндаи дурахшону шукуфон ва инчунин робитаҳои густурдаи баъдии Тоҷикистону Амрико заминаи мусоид гузорам», -илова намуд сафири тозаинтихоб.

Март 12, 2016 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад