Элизабет Инга: ИМА ҷонибдори ояндаи мусолиҳатомез, озод ва дурахшони Тоҷикистону Осиёи Марказист

Март 12, 2016 10:18

Душанбе, 12.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -«Ҳамкории Тоҷикистону Амрико ба хотири ояндаи дурахшон»,-чунин изҳор дошт Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Элизабет Инга бо забони ноби тоҷикӣ баъди супоридани эътимоднома ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хабарнигорон.
Дипломати амрикоӣ инчунин иброз намуд, ки рукнҳои меҳварии фаъолияти ӯ ҳамеша алоқамандии устувор ва талошҳо барои пешбурди арзишҳои умумибашарии демократия, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манзалати инсон ба шумор мерафтанд ва ин рисолатро тасмим гирифтааст ҳангоми адои вазифа дар мақоми сафирӣ дар Тоҷикистон идома бидиҳад. ИМА аз лаҳзаи соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 бо ин кишвар муносибатҳои ҳасана барпо намудааст ва хушнуд аст, ки барои дар Тоҷикистон кор ва зиндагӣ кардани ӯ имкон фароҳам омад.
«Тӯли иҷрои вазифа ба симмати сафир умедворам иртиботи муфидро бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон тақвияти бештар диҳам. Дар субот ва пешрафти иқтисодиёт ва дигар масоили мубрам, аз қабили эҳтироми ҳуқуқи башар, озодии сухан, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иқдоми демократӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳам кард. ИМА ҷонибдори ояндаи мусолиҳатомез, озод ва дурахшони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад. Амният, субот ва шукуфоӣ дар дурнамои дарозмуддат, ки Тоҷикистон ба он талош меварзад, метавонад танҳо тавассути тасмимҳои қавӣ дар самти мудирияти босамар, эҳтироми волоияти қонун, рушди иқтисодиёт ва беҳбуди фазои соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон ба даст ояд. Чун рӯзи таҷлили 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои тарафайни дипломатӣ наздик мешавад, мехостам бахусус таъкид созам, ки мардумони Амрико ва Тоҷикистон барои таъмини ояндаи шукуфон ва дурахшон бо имконоти фарох барои фарзандони мо алоқамандӣ ва рағбати ягона доранд. Бинобар ин тамос ва робитаи мустақим бо мардуми Тоҷикистон бартарият барои ман хоҳад буд ва умедворам, ки ба гӯшаҳои кишвар сафар намуда, бо мардуми Тоҷикистон ва намояндагони соҳаҳои мухталиф иртиботи бештар пайдо кунам. Барои ҳамкории бештару фарох бобати ояндаи дурахшону шукуфон ва инчунин робитаҳои густурдаи баъдии Тоҷикистону Амрико заминаи мусоид гузорам», -илова намуд сафири тозаинтихоб.

Март 12, 2016 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд